Гар маро рӯзгор ёр астӣ

Гар маро рӯзгор ёр астӣ,
Кор бо ёри чун нигор астӣ.

Барнагаштӣ чу рӯзгор аз ман,
Гар на бо рӯзгор ёр астӣ?

Бар канорам зи ёр агар на, маро
Ҳама мақсуд дар канор астӣ

Нест дар бӯстони васл гуле,
Ин чӣ жож аст, кош хор астӣ.

Ҳаҷр бар ҳаҷр мешумораму ҳеч,
Бори як васл дар шумор астӣ.

Беш аз ин рӯйи интизорам нест,
Кошкӣ рӯйи интизор астӣ.

Рӯзгор аст мояи ҳама кор,
Эй дареғо, ки рӯзгор астӣ.

Бор каш, Анварӣ, ҳадис макун,
Ки агар бар харет бор астӣ,

Дар ҳама номҳот ном ҳастӣ,
Дар ҳама корҳот кор астӣ.