Ҳамчун сари зулфи ту шикастӣ

Ҳамчун сари зулфи ту шикастӣ,
Он аҳд, ки бо раҳӣ бибастӣ.

Бадаҳд нахонамат, нигоро,
Ҳарчанд, ки аҳди ман шикастӣ.

Кас сирату хӯи ту надонад,
Ман донаму дил, чунон ки ҳастӣ.

Аз шохи вафо гулам надодӣ,
В-аз хори ҷафо дилам бихастӣ.

Аз ҳаҷри ту дар хуморам имрӯз,
Ноёфтае зи васл ҳастӣ.

Бо ин ҳама майли ман суи ту
Чун рафтани сел сӯи пастӣ

Аз ҷони ман, эй азиз чун ҷон,
Кӯтоҳ кун ин дароздастӣ.