Эй дер ба даст омада, бас зуд бирафтӣ

Эй дер ба даст омада, бас зуд бирафтӣ,
Оташ задӣ андар ману чун дуд бирафтӣ.

Чун орзуи тангдилон дер расидӣ,
Чун дӯстии сангдилон зуд бирафтӣ.

З-он пеш, ки дар боғи висоли ту дили ман
Аз доғи фироқи ту баросуд, бирафтӣ.

Ногашта ман аз банди ту озод, биҷастӣ,
Нокарда маро васли ту хушнуд, бирафтӣ.

Оҳанг ба ҷони мани дилсӯхта кардӣ,
Чун дар дили ман ишқ бияфзуд, бирафтӣ.