Чӣ ноз аст он, ки андар сар гирифтӣ

Чӣ ноз аст он, ки андар сар гирифтӣ,
Ба якбора дил аз мо баргирифтӣ.

Зи чӣ берун бинозӣ, даргирифтам,
Бурун з-андоза нозе баргирифтӣ.

Туро гуфтам, ки бо ман оштӣ кун,
Раҳо карда, раҳе дигар гирифтӣ.

Дареғ, он дӯстӣ бо ман ба як бор,
Шудӣ дар ҷангу хашм аз сар гирифтӣ.

Ниҳодӣ бар шакар мошураи сим,
Пас он гаҳ лаъл дар шаккар гирифтӣ.

Маро дар пойи ғам куштию рафтӣ,
Ҳавои дигаре дар бар гирифтӣ.