Эй дил, ту маро ба бод додӣ

Эй дил, ту маро ба бод додӣ,
Азбаски намудӣ устодӣ.

Аз дасти ту дар бало фитодам,
Охир, ту куҷо ба ман фитодӣ?!

Чанд аз ту маро накӯҳиш охир,
К-ам доғ ба доғ барниҳодӣ.

Озарм зи пеш баргирифтӣ,
Хуноба зи чашми ман кушодӣ.

Худрову маро ба ғам фикандӣ,
Нодида ҳанӯз ҳеч шодӣ.

Ғамхор шудаст ҷонам, эй дил,
Аз хӯрдани ғам ту шод бодӣ!