Дидӣ, ки пой аз хати фармон бурун ниҳодӣ

Дидӣ, ки пой аз хати фармон бурун ниҳодӣ,
Дидӣ, ки дасти ҷавру ҷафо боз баркушодӣ.

Бурдам зи пойбозии ту дастбурд умре,
Бозам ба дастбозӣ ту даст барниҳодӣ.

Бар кори ман ниҳӣ ба ҷафо пой ҳар замоне,
Корам зи даст рафт, бад-ин кор чун фитодӣ?

Дар хуну хок пеши ту мегардаму зи шӯхӣ
Дар чашмат об нест, надонам, ки бар чӣ бодӣ.

Шод он замон шавӣ, ки маро дар ғаме бибинӣ,
Ғам табъ шуд маро, чу ба ғам хӯрдаӣ ту шодӣ.

Гӯйӣ аз ин пасат ба ҳама ранҷ ёр бошам,
На ранҷҳот мерасад, аҳсант, шод бодӣ!

Дар толиъам зи кас чу вафо нест, аз ту монад
Аз модари замона ба ҳар толиъе, ки зодӣ.

Ишқат ба кор бурдаму бурдам чунон-к бурдам,
Умре ба бод додиву додӣ, чунон-к додӣ.

Эй Анварит гашта фаромӯш, ёд бодат,
К-ӯро ҳанӯз дар ҳама андешаҳо ба ёдӣ.