Саъдии Шерозӣ

Боби аввал » Дар сирати подшоҳон » Ҳикояти 24

Малики Завзанро хоҷае буд каримуннафс, некмаҳзар, ки ҳамгинонро дар мувоҷаҳа хидмат кардӣ ва дар ғайбат накӯӣ гуфтӣ. Иттифоқан аз ӯ ҳаракате дар назари султон нописанд омад, мусодира фармуд ва уқубат кард. Сарҳангони малик ба савобиқи неъмати ӯ муътариф буданд ва ба шукри он муртаҳан. Дар муддати тавкили ӯ рифқу мулотифат кардандӣ ва заҷру муоқабат раво надоштандӣ.

Сулҳ бо душман агар хоҳӣ, ҳар гаҳ ки туро
Дар қафо айб кунад, дар назараш таҳсин кун.
Сухан охир ба даҳон мегузарад музиро,
Суханаш талх нахоҳӣ, даҳанаш ширин кун.

Он чи мазмуни хитоби малик буд, аз уҳдаи баъзе бадар омад ва ба бақияте дар зиндон бимонд. Яке аз мулуки навоҳӣ дар хуфя паёмаш фиристод, ки мулуки он тараф қадри чунон бузургворе надонистанд ва беиззатӣ карданд. Агар раъйи азизи фалон, аҳсаналлоҳ, хулоса ба ҷониби мо илтифот кунад, дар риояти хотираш ҳар чӣ тамомтар саъй карда шавад ва аъёни ин мамлакат ба дидори ӯ муфтахаранду ҷавоби ин ҳарфро мунтазир. Хоҷа бар ин вуқуф ёфт ва аз хатар андешиду ҷавобе мухтасар, чунон ки маслиҳат дид, бар қафои варак набишт ва равон кард. Яке аз мутааллиқон воқиф шуд ва маликро эълом кард, ки фалонро, ки ҳабс фармудӣ, бо мулуки навоҳӣ муросилат дорад. Малик ба ҳам баромад ва кашфи ин хабар фармуд. Қосидро бигирифтанд ва рисолатро бихонданд. Набишта буд, ки «Ҳусни занни бузургон беш аз фазилати мост ва ташрифи қабуле, ки фармуданд, бандаро имкони иҷобат нест, ба ҳукми он, ки парвардаи неъмати ин хонадон аст ва ба андак моя тағйири хотир бо валинеъмат бевафоӣ натавон кард».

Онро, ки барои туст ҳар дам караме,
Узраш бинеҳ, ар кунад ба умре ситаме.

Маликро сирати ҳақшиносӣ аз ӯ писанд омад ва хилъату неъмат бахшиду узр хост, ки хато кардам, ки туро бегуноҳ биёзурдам.

Гуфт:

- Эй худованд, банда дар ин ҳолат мар Худовандро хатое намебинам, балки тақдири Худованди таоло чунин буд, ки ин бандаро макрӯҳе бирасад. Пас, ба дасти ту авлотар, ки савобиқи неъмат бар ин банда дорӣ ва аёдии миннат. Ва ҳукамо гуфтаанд:

Гар газандат расад зи халқ, маранҷ,
Ки на роҳат расад зи халқ, на ранҷ.
Аз Худо дон хилофи душману дӯст,
Ки дили ҳар ду дар тасарруфи ӯст.
Гарчи тир аз камон ҳамегузарад,
Аз камондор бинад аҳли хирад.