Бас дилафрӯзу дилором омадӣ

Бас дилафрӯзу дилором омадӣ,
Хаҳ, баномэзад баҳангом омадӣ.

Баски будам дар пайи сайде чу ту,
Охирам имрӯз дар дом омадӣ.

Хом хондандам, ки тавба бишканам,
Чун ту бо ман бо маю ҷом омадӣ.