Гар туро табъи доварӣ будӣ

Гар туро табъи доварӣ будӣ,
Дар ту васфи паямбарӣ будӣ.

Олати дилбарӣ ҷамолат ҳаст,
Табъи дурбор бар саре будӣ.

Гуфтам андар ҳама мусулмонӣ
Чун туе ҳаст, кофарӣ будӣ.

Муштарӣ гар ба ту расидӣ, ҳеч
Ба дилу ҷон-т муштарӣ будӣ.

Бо ҳама зуҳд гар Увайс туро
Дида будӣ, қаландаре будӣ.