Ёд медор, к-он чӣ бинмудӣ

Ёд медор, к-он чӣ бинмудӣ,
Дар вафо бар хилофи он будӣ.

Ҳоли ман дида дар кашокаши ҳаҷр,
Васлро ҳеч рӯй нанмудӣ.

Ноз танҳот буд одату бас,
Хуш - хуш акнун ҷафо дарафзудӣ.

Бӯсае хостам, набахшидӣ,
Нолаҳо кардаму набахшудӣ.

Ваъдаҳое диҳӣ бад-он дерӣ,
Пас пушаймон шавӣ бад-ин зудӣ.

Ростӣ бояд, аз лабат хиҷилам,
Ки басе харҷҳош фармудӣ,

Хидмати ман бад-ӯ расону бигӯ,
Чунӣ, аз дарди сар баросудӣ?

Анварӣ, ин чӣ шеваи ғазал аст,
Ки бад-он гӯи нутқ бирбудӣ.

Доман аз чарх баркашид сухан,
То ту доман бад-ӯ биёлудӣ.