Бедилам, эй ёр, ҳамчунон ки ту дидӣ

Бедилам, эй ёр, ҳамчунон ки ту дидӣ,
Дида гуҳарбор, ҳамчунон ки ту дидӣ.

Дар кафи ишқи ту ҷони мумтаҳани ман
Ҳаст гирифтор, ҳамчунон ки ту дидӣ.

В-аз гули рухсорат, эй нигори суманбар,
Баҳраи ман хор, ҳамчунон ки ту дидӣ.

Кӯж чу чанги ту ҳамчу нолаи зер аст,
Нолаи ман зор, ҳамчунон ки ту дидӣ.

Пурсию гӯӣ: «Чӣ гунаӣ ту?» Чӣ гӯям? –
Бедилу беёр, ҳамчунон ки ту дидӣ.