Дилам бурдӣ, нигоро, в-орамидӣ

Дилам бурдӣ, нигоро, в-орамидӣ,
Ҷазокаллоҳу хайран ранҷ дидӣ.

Ба ҷони чокарат ар қасд кардӣ,
Биҳамдиллаҳ, бад-он наҳмат расидӣ.

Хато гуфтам ман аз ишқат ба ҳикмат,
Маозаллаҳ, ки аз ман ин шунидӣ.

Наёбад беш аз ин донам ғаромат,
Ки хат дар дафтари ҷонам кашидӣ.

Кунун боре ба васлат дарпазирам,
Чу бо ин ҷумла айбам дархаридӣ.