Бадхӯйтарӣ, магар хабар дорӣ

Бадхӯйтарӣ, магар хабар дорӣ,
К-имрӯз таровате дигар дорӣ?

Ё медонӣ, ки бо дилу чашмам
Пайванду ҷамоли бештар дорӣ?

Рӯзе, ки ба дасти ноз бархезӣ,
Донам, зи ниёзи ман хабар дорӣ.

Дар пардаи дил чу ҳам туӣ охир,
Аз рози дилам чӣ парда бардорӣ.

Гӯйӣ, ки аз ин пасат вафодорам,
Гӯям ба вафову аҳд, агар дорӣ.

Бар пой ҷаҳӣ, ки қисса кӯтаҳ кун,
Имшаб сари мову дарди сар дорӣ.

Эй ояти ҳусн ҷумла дар шаънат,
З-ин сурати ишва сад зи бар дорӣ.

Дашном диҳӣ, ки Анварӣ, ё раб,
Чун табъи латифу шеъри тар дорӣ.

Чӣ-твон гуфтан, на аввалин доғ аст,
К-аз таъна маро ту дар ҷигар дорӣ.