Рӯи чун моҳи осмон дорӣ

Рӯи чун моҳи осмон дорӣ,
Қадди чун сарви бӯстон дорӣ.

Дил ту дорӣ, ғалат ҳамегӯям,
На, ба ҷону сарат, ки ҷон дорӣ.

Дар миёни дилию хоҳӣ буд,
Хешро чанд бар карон дорӣ?

Рози ман дар ғамат чу пайдо шуд,
Рӯй то кай зи ман ниҳон дорӣ?

Гар ниҳонию бевафо, чӣ аҷаб,
Ҷонию одати ҷаҳон дорӣ!

Аз ғамат рӯй бар замин дорам,
В-аз ҷафо сар ба осмон дорӣ.

Чанд аз ин, гарчи барги ин дорам,
Чанд аз он, гарчи ҷойи он дорӣ.

Чун гаронӣ ҳаме бихоҳӣ бурд,
Сар чӣ бар Анварӣ гарон дорӣ?!