Моро ту ба ҳар сифат, ки дорӣ

Моро ту ба ҳар сифат, ки дорӣ,
Дил гум накунад зи дӯстдорӣ.

Ҳар дам ба вафо яке ҳазорам,
Гарчи ба ҷафо яке ҳазорӣ.

Ҳечат ғами ҳеч кас надорад,
Фаззах ту, ки ҳеч ғам надорӣ.

Умр аз ту зиёну ишва суд аст,
Маъшуқа наӣ, ки рӯзгорӣ.

Пероҳани сабри ошиқонро
Шояд, ки зи ғам қабо надорӣ.

Гӯям, ки зи дурии ту ҳастам
Дур аз ту ба сад ҳазор зорӣ.

Гӯйӣ, ки маро чӣ кор бо он,
Аҳсанту зиҳӣ сапедкорӣ.

Дар пойи ғами ту хурд гаштам,
Ҳам саркашию бузургворӣ.

Дар сар дорӣ магар, ки ҳаргиз
Дасте ба сарам фурӯ наёрӣ.

Худ аз ту надорам, Анварӣ, чашм,
К-ин қисса ба гӯш даргузорӣ.