Гирифтам, к-аз ғами ман ғам надорӣ

Гирифтам, к-аз ғами ман ғам надорӣ,
Афокаллаҳ, дурӯғе ҳам надорӣ.

Ба банди ишва поям баста медор,
К-аз ин сармоя боре кам надорӣ.

Ба дашноме, ки душманро бигӯянд,
Дилам дар дӯстӣ хуррам надорӣ.

Бирав, к-андар ситамкорӣ чу олам
Назире дар ҳама олам надорӣ.

Маро гӯйӣ чу з-ин дасте, ки ҳастӣ,
Чаро пойи дилат маҳкам надорӣ?

Ҷавоби рост чун донӣ, ки талх аст,
Лаби ширин чаро барҳам надорӣ?

Дилам дар дасти туст, охир, маро низ
Дар ин як моҷаро маҳрам надорӣ.

Бидидам гарчи дарди Анвариро
Туӣ марҳам, ту ҳам марҳам надорӣ.