Агар ту баршиканӣ, дӯстон салом кунанд

Агар ту баршиканӣ, дӯстон салом кунанд,
Ки ҷавр қоида бошад, ки бар ғулом кунанд.

Ҳазор захми паёпай гар иттифоқ афтад,
Зи дасти дӯст нашояд, ки интиқом кунанд.

Ба теғ агар бизанӣ бедареғу баргардӣ,
Чу рӯй боз кунӣ, бозат эҳтиром кунанд.

Маро каманд маяфкан, ки худ гирифторам,
Лавиша¹ бар сари аспони бадлигом кунанд.

Чу мурғи хона ба сангам бизан, ки боз оям,
На ваҳшиям, ки маро пойбанди дом кунанд.

Яке ба гӯшаи чашм илтифот кун моро,
Ки подшоҳон гаҳ-гаҳ назар ба ом кунанд.

Кӣ гуфт, дар рухи зебо ҳалол нест назар?
Ҳалол нест, ки бар дӯстон ҳаром кунанд.

Зи ман бипурс, ки фатво диҳам ба мазҳаби ишқ,
Назар ба рӯи ту шояд, ки бардавом кунанд.

Даҳони ғунча бидаррад насими боди сабо,
Лабони лаъли ту вақте ки ибтисом кунанд.

Ғариби Машриқу Мағриб ба ошноии ту
Ғариб нест, ки дар шаҳри мо мақом кунанд.

Ман аз ту рӯй напечам, ки шарти ишқ он аст,
Ки рӯй дар ғаразу пушт бар малом кунанд.

Ба ҷон музоиқа бо дӯстон макун, Саъдӣ,
Ки дӯстӣ набувад, ҳар чӣ нотамом кунанд.


¹ Чӯбе, ки ба василаи ресмон бар лаби асп банданд, то нагазад.