Як дам ба муроот дилам гарм надорӣ

Як дам ба муроот дилам гарм надорӣ,
Як зарра маро ҳурмату озарм надорӣ.

Ман дӯст надорам, ки туро дӯст надорам,
Ту шарм надорӣ, ки зи ман шарм надорӣ?

Ин маркаби бедоди ту тавсан чу дили туст,
В-онро чу бари хеш чаро нарм надорӣ?

Дар дафтари тундию дуруштӣ, ки ҳамоно,
Як сура барояд, ки ту он барм надорӣ.