Надорам ҷуз ғами ту ғамгусоре

Надорам ҷуз ғами ту ғамгусоре,
На ҷуз темори ту темордоре.

Маро аз ту ғами ту ёдгор аст,
Аз ин беҳтар чӣ бошад ёдгоре?

Бидон, то рӯзгорам хуш кунӣ ту,
Бар он уммед будам рӯзгоре.

Ҳама уммед дар васли ту бастам,
Ба сар шуд умру ҳам накшод коре.