Эй кори ғами ту ғамгусорӣ

Эй кори ғами ту ғамгусорӣ,
Андӯҳи ғами ту шодхорӣ.

Аз кибр нигоҳ кард рӯят
Дар чашмаи хур ба чашми хорӣ.

Аз тобиши рӯю тоби зулфат
Шаб равшан гашту рӯз торӣ.

Фақри ғами ту зи боғи дилҳо
Барканд ниҳоли комгорӣ.

Эй шарбати бӯсаи ту шофӣ,
В-эй зарбати ғамзаи ту корӣ.

Дорӣ сари он, ки беш аз инам
Дар банди фироқи худ бидорӣ.

Гӯйӣ: – Бе ман дили ту чун аст?
Чун аст? Ба сад ҳазор зорӣ!

Рӯзе, ки ғами навам намойӣ,
Онро ба ғанимате шуморӣ.

Бо ёрон ин кунанд аҳсант,
Чашми бад дур, нек ёрӣ.

Имрӯз бар аспи ҷавр бо ман
Ҳар гӯша ҳамекунӣ саворӣ.

Тарсам фардо гаҳи мазолим
Тоби сақалулмулук н-орӣ.