Бо ман андаргирифтаӣ коре

Бо ман андаргирифтаӣ коре,
К-он ба умре кунад ситамкорӣ.

Ростӣ зишт мекунӣ бо ман,
Рӯйи некӯ чунин кунад, оре.

Баъд аз ин ҳам бикуш, раво дорам,
Ҳеч мумкин шавад, ки як боре

Рӯзгораш гуле шукуфт аз ту,
Ки ба умре чунон ниҳад хоре.

Гӯямат: Бӯсае! Маро гӯйӣ:
«Гуфтаанд ин ҳадис бисёре»

Лекин ар ишва боядат, бидиҳам.
Набувад ёдкард хирворе.

Бӯса дар кори ту кунам, чӣ шавад,
Гар барорӣ ба хандае коре.

Чун рухонам сиёҳ хоҳӣ кард,
Сари дандон сапед кун боре.

Ҷон ба даллоли васли ту додам,
Гуфтам инро бувад харидоре.

Гуфтам, ар ройгонакам надиҳӣ,
Бихарандат ба тез бозоре.