Нагуфтӣ, к-аз ин пас кунам созгорӣ

Нагуфтӣ, к-аз ин пас кунам созгорӣ,
Биномэзад, алҳақ, накӯқавл ёрӣ.

Баҳона чӣ ҷӯйӣ, карона чӣ гирӣ,
Биё, дар миён неҳ, ба ҳақ, ҳарчӣ дорӣ!

Ҳаме гӯйӣ инсофи ту бидҳам, оре,
Ту маъруф бошӣ ба инсофкорӣ.

Ҳама узри ланг аст, к-аз ту бидидем,
Сари мо надорӣ, баҳона чӣ орӣ?!

Ба инсоф бишнав чунин рост н-ояд,
Ки дил мерабоию ғам мегузорӣ.

Ғами дил чӣ гӯям, ту з-ин кор дурӣ,
Ба ҳарза чӣ кӯбӣ дари хостгорӣ?

Ҳамон беҳ, ки ин дарди сар боздорам,
Кунам бо ту дар боқӣ он дӯстдорӣ.