Эй ошиқони гетӣ, ёрӣ диҳед, ёрӣ

Эй ошиқони гетӣ, ёрӣ диҳед, ёрӣ,
К-он сангдил диламро хорӣ намуд, хорӣ.

Чун дӯстони якдил дил пеши ту ниҳодам,
Баста ба дӯстӣ дил, бинмуда дӯстдорӣ.

Гуфтам, ки дил ситонам, ногоҳ дил супурдам,
Бар тамъи дилситонӣ мондам ба дилсупорӣ.

Кай бошад ин бахилӣ, бо вай ба додани дил,
Кай бошад аз лабонаш якбора созворӣ?

Гӯяд ҳаме чӣ номӣ, ёре чу ман надорӣ,
Ёрест он, ки надҳад ҳаргиз ба бӯса ёрӣ.

Душман ҳаме зи душман як рӯз дод ёбад,
Ман з-ӯ ҳаме наёбам бӯсе ба сабру зорӣ.

Ҷуз сабру бурдборӣ рӯйе ҳаме набинам,
Чун ошиқам, чӣ чора ҷуз сабру бурдборӣ.