Алҳақ, на дурӯғ, мӯҳташам ёрӣ

Алҳақ, на дурӯғ, мӯҳташам ёрӣ,
Нозат бикашам, ки ҷойи он дорӣ.

Нози чу туе тавон кашид, эй ҷон,
Бо ин ҳама чобукию айёрӣ.

Бо рӯйи ту дар тафаккурам, к-Эзид
Аз раҳматат офарид, пиндорӣ.

Дар ишқи ту гарданони гардунро
Гардан наниҳам ҳаме зи ҷабборӣ.

Гар сар ба фалак барам, раво бошад,
Чун сар ба касе чу ман фуруд орӣ.

Чун ошиқи зори ту шудам боре,
Аз ман маситон ба хира безорӣ.

Мафрӯш маро, чу кардам, эй дилбар,
Ғамҳои туро ба ҷон харидорӣ.

Нагзорамат, ар ба ҷон расад корам,
То бе сабабе маро ту нагзорӣ.

Гар баргардам, на Анварӣ бошам,
Аз ту ба дусад маломату хорӣ.