Гирифтам, сар ба паймон дарнаёрӣ

Гирифтам, сар ба паймон дарнаёрӣ,
Сари ҷавру ҷафо боре чӣ дорӣ.

Чу ёрон гар ба пайғоме наярзам,
Ба дашноме чаро ёдам наёрӣ?

Ба ғам боре диламро шод медор,
Агар одат надорӣ ғамгусорӣ.

Ман аз васлат фуқаъ то кай кушоям,
Чу ту номам ба ях барменигорӣ?!

Шумор аз васли ту кай бартавон дошт,
Ту касро аз шуморе кай шуморӣ?!

Туро гӯям, ки беҳ з-ин бояд ин кор,
Маро гӯйӣ ту боре, дар чӣ корӣ?!

Дили бемаънии ту кай гузорад,
Ки ин маъно ба гӯш андаргузорӣ.

Туро чӣ дар миён, ғам Анварирост,
Ту бемаъно, аз ин ғам барканорӣ.