Ҷоно, агар ба ҷон-т биёбам, гарон набошӣ

Ҷоно, агар ба ҷон-т биёбам, гарон набошӣ,
Ҷонам мабод, агар ба азизӣ чу ҷон набошӣ.

Ҳон, то қиёси кори худ аз дигарон нагирӣ,
Кори ту дигар аст, ту чун дигарон набошӣ.

Ишқат ба дил харидаму ҳаққо, ки суд кардам,
Ҷонам ба ғам бихар, ки ту ҳам бар зиён набошӣ.

Чу ман шумори ҳеч баду нек барнагирам,
Аз корҳои хеш, ки ту дар миён набошӣ.

Эй дар миёни кор кашида ба як раҳамро
Воҷиб чунон кунад, ки чунин бар карон набошӣ.

Ҷуз ҳаҷри ту ба гирди ҷаҳон достон набошад,
Бо дӯстон ба васл чу ҳамдастон набошӣ.

Гӯйӣ, ки ҷуз ба ҷону ҷаҳон ёри кас набошам,
Ҷоно, ба ҳар чӣ бошӣ, ҷуз ройгон набошӣ.

Бихрид Анварӣ-т ба ҷону ҷаҳон ба шарте,
К-аз вай ниҳону дур чу ҷону ҷаҳон набошӣ.