Ҳофизи Шерозӣ

146. Сабо вақти саҳар бӯе зи зулфи ёр меовард

Сабо вақти саҳар бӯе зи зулфи ёр меовард,
Дили шӯридаи моро зи нав дар кор меовард.

Ман он шакли санавбарро зи боғи дида баркандам,
Ки ҳар гул к-аз ғамаш бишкуфт, меҳнат бор меовард.

Фурӯғи моҳ медидам зи боми қасри ӯ равшан,
Ки рӯ аз шарми он хуршед бар девор меовард.

Зи бими ғорати ишқаш дили пурхун раҳо кардам,
Вале мерехт хуну раҳ бад-он ҳанҷор меовард.

Ба қавли мутрибу соқӣ бурун рафтам гаҳу бегоҳ,
К-аз он роҳи гарон қосид хабар душвор меовард.

Саросар бахшиши ҷонон тариқи лутфу эҳсон буд,
Агар тасбеҳ мефармуд, агар зуннор меовард.

Афаллаҳ, чини абруяш агарчи нотавонам кард,
Ба ишва ҳам паёме бар сари бемор меовард.

Аҷаб медоштам дишаб зи Ҳофиз ҷому паймона,
Вале манъаш намекардам, ки сӯфивор меовард.