Гар ҷону дил ба дасти ғами ту надодаме

Гар ҷону дил ба дасти ғами ту надодаме,
Пойи нишот бар сари гардун ниҳодаме.

Гар бими зулфи пурхами ту нестӣ маро,
Ин корҳои бастаи худ баркушодаме.

В-ар бар сарам набишта набудӣ қазои ту,
Шаҳре пур аз бутон, ба ту чун уфтодаме?

В-акнун чу уфтод дил андар балои ту,
Эй кош соате ба ҷамоли ту шодаме.

Гар бе ту хост буд маро умр, кошкӣ
Ҳаргиз набудамею зи модар назодаме.