Огаҳ наӣ зи ҳолам эй ҷону зиндагонӣ

Огаҳ наӣ зи ҳолам эй ҷону зиндагонӣ,
Дардо, ки дар фироқат мебигзарад ҷавонӣ.

Умре ҳамегузорам, рӯзе ҳамешуморам,
Рӯзе чунонки ояд, умре чунонки донӣ.

Ҳаргиз зи ман надидӣ як рӯз бевафоӣ,
Ҳаргиз зи ту надидам як рӯз меҳрубонӣ.

Дар кори ман назар кун, бар ҳоли ман бубахшой,
То чанд бевафоӣ, то кай зи бадгумонӣ?!

Эй ёри номувофиқ, ранҷест бениҳоят,
В-эй бахти номусоид, корест осмонӣ.