Баномэзад, ба чашми ман чунонӣ

Баномэзад, ба чашми ман чунонӣ,
Ки некӯтар зи моҳи осмонӣ.

Агар чун дидаву дил будиям дӣ,
Биё, к-имрӯз чун ҷони ҷаҳонӣ.

Биё, дил, васлат арзонам баромад
Чӣ мегӯям, ба сад ҷон ройгонӣ.

Агар бо ман найӣ, бе ту наям ман,
Аҷаб, ҳам дар миён, ҳам бар каронӣ.

Хаёлат ранҷа гардад гаҳ-гаҳ охир,
Ту низ ин моя гар хоҳӣ, тавонӣ.

Туро бар ман ба дил бошад, ки ёрам,
Маро аз ту гузар набвад, ки ҷонӣ.

Ман аз ту рӯйи баргаштан надонам,
Ту гар баргардӣ аз ман, он ту донӣ.