Гирди моҳ аз мушк хирман мезанӣ

Гирди моҳ аз мушк хирман мезанӣ,
В-оташ андар хирмани ман мезанӣ,

Пардаи шабро бад-ин дурӣ чаро
Бар фарози рӯзи равшан мезанӣ?!

Ман зи савдои ту бар сар мезанам,
Ту нишаста фориғу тан мезанӣ.

Эй бибурдастӣ ба таррорӣ зи ман,
Ман надонистам, ки ин фан мезанӣ.

Остин бишкардаӣ бар куштанам,
Табли худ бар зери доман мезанӣ.

Тири мижгонро бигӯ оҳистатар
Гуна андар рӯйи душман мезанӣ.

Бӯсае ман бар кафи поят диҳам,
Муддате он бар сари ман мезанӣ.