Дилам бурдию баргаштӣ, зиҳӣ дилдори бемаънӣ

Дилам бурдию баргаштӣ, зиҳӣ дилдори бемаънӣ,
Чӣ буд охир туро мақсуд аз ин озори бемаънӣ.

Нигор аз ин ҷафо кардам, бидон, то ман биёзорам,
Раво дорӣ, ки хонандат ҷаҳоне ёри бемаънӣ?!

В-агар ҷойи дигар тез аст рӯзе чанд бозорат.
Машав ғарра, нигорино, бидон, бозори бемаънӣ.

Ҳамегуфтӣ, ки то умрам туро ҳаргиз бинагзорам,
Кунун ҳайрон бимондастам аз ин гуфтори бемаънӣ.