Номи васл андар забоне афканӣ

Номи васл андар забоне афканӣ,
То диламро дар гумоне афканӣ.

Рост чун ҷон бар миён бандад дилам,
Хештанро бар кароне афканӣ.

Аз ҷаҳон он дӯстдорӣ, к-оташе
Ҳар замон андар ҷаҳоне афканӣ.

Чашмат андар тирборон-ш афканад,
Зулф чун дар ҳалқа ҷоне афканӣ.

Чун қарини шодие хоҳам шудан,
Бар сипеҳри ғам қироне афканӣ.

Гар кунам дар умр дандоне сапед,
Дар наволам устухоне афканӣ.

Подшоҳӣ, дар накӯйӣ чӣ-т зиён,
Гар назар бар посбоне афканӣ?!

Толеъе дорӣ, ки хуршедӣ шавад,
Соя гар бар осмоне афканӣ.

Ҳаҷрро гӯйӣ, ки кори Анварӣ,
Бук бо ному нишоне афканӣ.

Бо сару коре чунинаш дархур аст,
Ин ки дар пойи чуноне афканӣ.