Ба бӯи он ки шабе дар Ҳарам биёсоянд

Ба бӯи он ки шабе дар Ҳарам биёсоянд,
Ҳазор бодия саҳл аст, агар бипаймоянд.

Тариқи ишқ ҷафо бурдан асту ҷонбозӣ,
Дигар чӣ чора, ки бо зӯрманд барн-оянд?

Агар ба бом барояд ситорапешонӣ,
Чу моҳи ид ба ангуштҳош бинмоянд.

Дари гурез набастаст, лекин аз назараш
Куҷо раванд асирон, ки бандбарпоянд?

Зи хун азизтарам нест мояе дар тан,
Фидои дасти азизон, агар биёлоянд.

Магар ба хайли ту бо дӯстон напайванданд?
Магар ба шаҳри ту бар ошиқон набахшоянд?

Фидои ҷони ту, гар ҷони ман тамаъ дорӣ,
Ғуломи ҳалқабагӯш он кунад, ки фармоянд.

Ҳазор сарви хиромон ба ростӣ нарасад,
Ба қомати ту, в-агар сар бар осмон соянд.

Ҳадиси ишқи туву достони ишқи маро
Ҳазор Лайлию Маҷнун бар он наяфзоянд.

Мисоли Саъдӣ уд аст, то насӯзонӣ,
Ҷамоат аз нафасаш дам ба дам наёсоянд.