Сари он дорӣ, к-имрӯз маро шод кунӣ

Сари он дорӣ, к-имрӯз маро шод кунӣ,
Дили мискини маро аз ғамат озод кунӣ.

Хонаи сабри дилам, к-аз ғами ту гашт хароб,
З-он лаби лаъли шакарбори худ обод кунӣ.

Хоки пойи туаму з-оташи савдой маро
Барзанӣ обу ҳама андуҳ барбод кунӣ.

Охират шарм наёяд, ки ҳама умр маро,
Ваъдаи дод диҳию ҳама бедод кунӣ.

Шуд фаромӯш маро роҳи саломат зи ғамат,
Чӣ шавад, гар ба саломе дили ман шод кунӣ.