Охир, эй ҷони ҷаҳон, бо ман ҷафо то кай кунӣ

Охир, эй ҷони ҷаҳон, бо ман ҷафо то кай кунӣ,
Дасти аҳд аз домани сӯҳбат раҳо то кай кунӣ?!

Чун ба ҷуз ҷавру ҷафо коре надорӣ рӯзу шаб,
Пас, маро беғораи меҳру вафо то кай кунӣ?!

Бохтам дар нарди ишқат ин ҷаҳону он ҷаҳон,
Чун ҳама дарбохтам, бо ман дағо то кай кунӣ?!

Чун кулоҳи хоҷагӣ якбора бинҳодам зи сар,
Ҷони ман, пероҳани сабрам қабо то кай кунӣ?!

Аз вафои Анварӣ чун рӯй гардонидаӣ,
Шарм дор аз рӯйи ӯ, охир ҷафо то кай кунӣ?!