Аз ман, эй ҷон, рӯй пинҳон мекунӣ

Аз ман, эй ҷон, рӯй пинҳон мекунӣ,
То ҷаҳон бар ман чу зиндон мекунӣ.

Ошкоро гашт розам, то зи ман
Хандаи дуздида пинҳон мекунӣ.

Хуни дилҳои азизон рехтан
Гарчи душвор аст, осон мекунӣ.

Заҳра кай дорад бикардан ҳеч кас,
Он чи ту аз макру дастон мекунӣ.

Ҳар чӣ мумкин гардад аз ҷавру ҷафо,
Бо дили мискини ман он мекунӣ.