Ноз аз андоза берун мекунӣ

Ноз аз андоза берун мекунӣ,
В-аз ҷигар хӯрдан дилам хун мекунӣ.

Ҳарчи ман аз саркашӣ кам мекунам,
Дар кулаҳдорӣ ту афзун мекунӣ.

Моҳи рухсорат на бас дар меғи ҳаҷр,
Низ бо ин ҷаври гардун мекунӣ.

Чун ба як навъ аз ҷафо тан дардиҳем,
Тоза сад навъи дигаргун мекунӣ.

Ин-т дасте, к-андар ин бозӣ турост,
Нек хор аз пой берун мекунӣ.

Ҳар замон гӯйӣ, ки ман нек оварам,
Ин сухан боре бигӯ, чун мекунӣ?

Дар ҳисоби Анварӣ ҳаргиз набуд,
К-аз ту ин ояд, ки акнун мекунӣ.