Ин ҳама чобукию зебойӣ

Эй ҳама чобукию зебойӣ,
Инчунин аз куҷо ҳамеойӣ.

Чун маҳи чордаҳ ба некӯйӣ,
Чун бути Озарӣ ба зебойӣ.

Маҳ нахонам туро маозаллоҳ,
Маҳ ниҳонаст то ба пайдойӣ.

Моҳ сарду тар асту рангомез,
Шабдаву беқарору ҳарҷойӣ.

Кай тавон карданат ҳаме монанд,
Ки ту хуршеди оламоройӣ.