Хаҳ, марҳабову аҳло, охир, ту худ куҷойӣ

Хаҳ, марҳабову аҳло, охир, ту худ куҷойӣ,
Аҳволи мо напурсӣ, наздики мо наёйӣ.

Мо худ намешавемат дар рӯй, агар на охир
Саҳл аст ин, ки гаҳ-гаҳ рӯйе ба мо намойӣ.

Бе хурда рост хоҳӣ, гарчи хушат наёяд,
Бадхӯи хубрӯйӣ, бегонаошноӣ.

Гуфтам: – Ғамат бикуштам – Гуфто: – Чӣ заҳра дорад?
Ғам он қадар надонад, к-охир ту они мойӣ.

Алҳақ ҷавоби шофӣ инак чунин-т хоҳам,
Додӣ ба як ҳадисам аз дасти ғам раҳойӣ.

Гӯйӣ бад-он маёрам, к-аз бад батар кунам ман,
Ман з-ин сухан налангам, ту бо кӣ дар куҷоӣ.

На барги ин надорам, ҳон, хайр ме чӣ гӯйӣ,
Не дасти он надорӣ, ҳин зуд ме чӣ пойӣ?

Гар Анварӣ набошад кам гир тирарӯзе,
Ту кори хеш мекун, эй ҷону рӯшнойӣ.