Эй хубтар зи хубӣ, некӯтар аз накӯӣ

Эй хубтар зи хубӣ, некӯтар аз накӯӣ,
Бадхӯ чаро шудастӣ, охир, маро нагӯйӣ?

Дар некуйӣ тамомӣ, дар бадхуйӣ бағоят,
Ё раб, чӣ чашмзахм аст хубитро накӯйӣ.

Гаҳ дӯстӣ намоӣ, гаҳ душманӣ физойӣ,
Бегонаошноӣ, бадхӯи хубрӯйӣ.

Гирам, ки баргирифтӣ, дасти иноят аз ман,
Ҳар соате ба хунам дасти ҷафо чӣ шӯйӣ?

Ҷурмам ниҳию гӯйӣ, дорам ҳазори дигар,
Эй зудсер, дер аст то ту баҳонаҷӯйӣ.