Қурта бикшою замоне бинишин, беш магӯй

Қурта бикшою замоне бинишин, беш магӯй,
Рӯй бинмой, ки имрӯз чунин дорад рӯй.

Дари узру гираҳи мӯй бибанду бикушой,
Ки пазирои гираҳ шуд танам аз мӯя чу мӯй.

Эй шуда пойи дилам обила дар ҷустани ту,
Чун ба даст омадиям, дил биниҳу ҷуст маҷӯй.

Санги ишқи ту чу бишкаст сабӯи дили ман,
Боз бояд задан охир ба ҳам ин сангу сабӯй.

Анварӣ пой нахоҳад зи гили ишқи ту шуст,
Гар ту з-ӯ даст бишӯйӣ, чӣ кунам, даст бишӯй!