Ҷуз вай чӣ бошад, к-аз аҷал андаррабояд кулли мо?!

Ҷуз вай чӣ бошад, к-аз аҷал андаррабояд кулли мо?!
Сад ҷон барафшонам бар ӯ, гӯям: «Ҳанийян, марҳабо!».

Рақсон суви гардун шавам, з-он ҷо суви бечун шавам,
Сабру қарорам бурдайӣ, ай мизбон, зутар¹ биѐ!

Аз маҳ ситора мебарӣ, ту пора-пора мебарӣ,
Гаҳ ширхора мебарӣ, гаҳ мекашонӣ дояро!

Дорам диле ҳамчун ҷаҳон, то мекашад кӯҳи гарон,
Ман куҳкашам, каҳ кай кашад з-ин коҳдон охир маро?!

Гар мӯйи ман чун шир шуд, аз шавқи мурдан пир шуд,
Ман ордам, гандум наям, чун омадам дар осиѐ?!

Дар осиѐ гандум равад, к-аз сунбула зодаст ӯ,
Зодай маҳам, не сунбула, дар осиѐ бошам чаро?!

Не, не, фитад дар осиѐ ҳам нури маҳ аз равзане,
З-он ҷо ба сӯйи маҳ равад, не дар дукон нонбо!

Бо ақли худ гар ҷуфтаме, ман гуфтаниҳо гуфтаме,
Хомӯш кун, то нашнавад ин гуфтаро боди ҳаво!


¹ Мухаффафи “зудтар” буда, дар осори Мавлоно зиѐд истифода шудааст.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.