Ай бигирифта аз вафо гӯша карон, чаро, чаро?!

Ай бигирифта аз вафо гӯша карон, чаро, чаро?!
Бар мани хаста кардайӣ рӯй гарон, чаро, чаро?!

Бар дили ман, ки ҷойи туст, коргаҳи вафойи туст,
Ҳар нафасе ҳамезанӣ захми синон чаро, чаро?!

Гавҳари ту ба гавҳарӣ бурд сабақ зи муштарӣ,
Ҷону ҷаҳон ҳамебарӣ, ҷону ҷаҳон,чаро, чаро?!

Чашмаи Хизру Кавсарӣ, з-оби ҳаёт хуштарӣ,
З-оташи ҳаҷри ту манам хушкдаҳон чаро, чаро?!

Миҳри ту ҷонниҳон бувад, муҳри ту бенишон бувад,
Дар дили ман зи баҳри ту нақшу нишон чаро, чаро?!

Гуфт, ки ҷони ҷон манам, дидаи ҷон тамаъ макун,
Ай бинамуда рӯйи ту сурати ҷон чаро, чаро?!

Ай ту ба нур мустақил в-ай зи ту ахтарон хиҷил,
Бас дудилӣ миёни дил з-абри гумон чаро, чаро?!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.