Мусалмонон, мусалмонон, чӣ бояд гуфт ёреро

Мусалмонон, мусалмонон, чӣ бояд гуфт ёреро,
Ки сад фирдавс месозад ҷамолаш ними хореро?!

Маконҳо бемакон гардад, замонҳо ҷумла кон гардад,
Чу ишқи ӯ диҳад ташриф як лаҳза диёреро.

Худовандо, зиҳӣ нуре, латофатбахши ҳар ҳуре,
Ки оби зиндагӣ созад зи рӯйи лутф нореро.

Чу лутфашро бияфшорад, ҳазорон навбаҳор орад,
Чи нуқсон, гар зи ғайрат ӯ занад барҳам баҳореро!

Ҷамолаш офтоб омад, ҷаҳон ӯро ниқоб омад,
Валекин нақш кай бинад ба ҷуз нақшу нигореро?!

Ҷамоли гул гувоҳ омад, ки бахшишҳо зи шоҳ омад,
Агарчи гул бинашносад ҳавои созвореро!

Агар гулро хабар будӣ, ҳамеша сурху тар будӣ,
Азеро офате н-ояд ҳаёти ҳушёреро.

Ба даст овар нигоре ту, к-аз ин даст аст кори ту,
Чаро бояд супурдан ҷон нигори ҷонсупореро?!

Зи Шамсуддини Табрезӣ манам қосид ба хунрезӣ,
Ки ишқе ҳаст дар дастам, ки монад Зулфиқореро!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.