Зиҳӣ ишқ, зиҳӣ ишқ, ки морост, Худоё!

Зиҳӣ ишқ, зиҳӣ ишқ, ки морост, Худоё!
Чӣ нағз аст, чӣ хуб аст, чӣ зебост, Худоё!

Чӣ гармем, чӣ гармем аз ин ишқ чу хуршед,
Чӣ пинҳон, чӣ пинҳони, чӣ пайдост, Худоё!

Зиҳӣ моҳ, зиҳӣ моҳ, зиҳӣ бодаи ҳамроҳ,
Ки ҷонрову ҷаҳонро биёрост, Худоё!

Зиҳӣ шӯр, зиҳӣ шӯр, ки ангехта олам,
Зиҳӣ кор, зиҳӣ кор, ки он ҷост, Худоё!

Фурӯ рехт, фурӯ рехт шаҳаншоҳи суворон,
Зиҳӣ гард, зиҳӣ гард, ки бархост, Худоё!

Фитодем, фитодем бад-он сон-к нахезем,
Надонем, надонем, чӣ ғавғост, Худоё?

Зиҳӣ кӯй, зиҳӣ кӯй, яке дуди дигаргун,!
Дигар бор, дигар бор чӣ савдост, Худоё?!

На домест, на занҷир, ҳама баста чаройӣ?!
Чӣ банд аст, чӣ занҷир, ки барпост, Худоё?!

Чӣ нақшест, чӣ нақшест дар ин тобаи дилҳо,
Ғариб аст, ғариб аст, зи болост, Худоё!

Хамӯшед, хамӯшед, ки то фош нагардед,
Ки ағёр гирифтаст чапу рост, Худоё!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.