Чу ӯ бошад дилу дилсӯз моро

Чу ӯ бошад дилу дилсӯз моро,
Чӣ бошад шаб, чӣ бошад рӯз моро?!

Ки хуршед ар фурӯ шуд, ар баромад,
Бас аст ин ҷони ҷонафрӯз моро!

Ту модармурдаро шеван маёмӯз,
Ки устод аст ишқомӯз моро!

Мадӯзон хирқаи моро, мадаррон,
Нашояд шайхи хирқадӯз моро!

Ҳама кас бар адӯ пирӯз хоҳад,
Ҷамоли он адӯ пирӯз моро!

Ҳама кас бахти ганҷандӯз хоҳад,
Валекин ишқи ранҷандӯз моро!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.