Аз дасти дӯст ҳар чӣ ситонӣ, шакар бувад

Аз дасти дӯст ҳар чӣ ситонӣ, шакар бувад,
В-аз дасти ғайри дӯст табарзад¹ табар бувад.

Душман гар остини гул афшонадат ба рӯй,
Аз тири чарху санги фалохан² батар бувад.

Гар хоки пои дӯст худованди шавқро
Дар дидагон кашанд, ҷилои басар бувад.

Шарти вафост, он ки чу шамшер баркашад,
Ёри азиз ҷони азизаш сипар бувад.

Ё Раб, ҳалоки ман макун, илло ба дасти дӯст,
То вақти ҷон супурданам андар назар бувад.

Гар ҷон диҳӣ, в-агар сари бечорагӣ ниҳӣ,
Дар пои дӯст ҳар чӣ кунӣ, мухтасар бувад.

Мо сар ниҳодаем, ту донию теғу тоҷ,
Теғе ки моҳрӯй занад, тоҷи сар бувад.

Муштоқро, ки сар биравад дар вафои ёр,
Он рӯз рӯзи давлату рӯзи зафар бувад.

Мо тарки ҷон аз аввали ин кор гуфтаем,
Онро ки ҷон азиз бувад, дар хатар бувад.

Он к-аз бало битарсаду аз қатл ғам хурад,
Ӯ оқил асту шеваи маҷнун дигар бувад.

Бо нимпухтагон натавон гуфт сӯзи ишқ,
Хом аз азоби сӯхтагон бехабар бувад.

Ҷоно, дили шикастаи Саъдӣ нигоҳ дор,
Донӣ, ки оҳи сӯхтагонро асар бувад.


¹ Набот.
² Василаи сангандозӣ.