Машкан дили марди муштариро

Машкан дили марди муштариро,
Бигзор раҳи ситамгариро!

Раҳм ор, маҳо, ки дар шариъат
Қурбон накунанд лоғареро!

Махмури туам, ба дасти ман диҳ
Он ҷоми шароби гавҳариро!

Панде бидиҳу ба сулҳ овар
Он чашми хумори абҳариро!

Фармой ба ҳиндувони ҷоду,
К-аз ҳад набаранд соҳариро!

Дар шашдарае фитод ошиқ,
Бишкан дари ҳабси шашдариро!

Як лаҳза, муъиззи нома, пеш о,
Ҷамъ овар ҳалқаи париро!

Сар мениҳад ин хумор аз бун
Ҳар лаҳза шароби онсариро.

Сад ҷо чу қалам миён бибаста
Тунги шакари муъаскариро.

Ай ишқ, бародарона пеш о,
Бигзор саломи сарсариро!

Ай соқии рӯҳ, аз дари Ҳақ
Магзор ҳақи бародариро!

Ай кӯҳи замона, ҳин, равон кун
Ин киштии табъи лангариро!

Ай нойиби Мустафо, бигардон
Он соғари зафти кавсариро!

Пайғом зи нафхи сур дорад,
Бикшой лаби паямбариро!

Ай сурхсибоғати аламдор,
Бикшо пару боли ҷаъфариро!

Пурлола куну пур аз гули сурх
Ин саҳни рухи музаъфариро!

Испед намекунам дигар ман,
Даррез раҳиқи аҳмариро!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.