Дар миёни пардаи хун ишқро гулзорҳо

Дар миёни пардаи хун ишқро гулзорҳо,
Ошиқонро бо ҷамоли ишқи бечун корҳо!

Ақл гӯяд: «Шаш ҷиҳат ҳаддасту берун роҳ нест»,
Ишқ гӯяд: «Роҳ ҳасту рафтаам ман борҳо».

Ақл бозоре надиду тоҷирӣ оғоз кард,
Ишқ дида з-он суйи бозори ӯ бозорҳо!

Ай басо Мансур пинҳон з-иътимоди ҷони ишқ
Тарки минбарҳо бигуфта, бар шуда бар дорҳо!

Ошиқони дурдкашро дар даруна завқҳо,
Оқилони тирадилро дар дарун инкорҳо!

Ақл гӯяд: «По маниҳ, к-андар фано ҷуз хор нест»,
Ишқ гӯяд ақлро, к-андар ту аст он хорҳо!

Ҳин, хамуш кун, хори ҳастиро зи пойи дил бикан,
То бибинӣ дар даруни хештан гулзорҳо!

Шамси Табрезӣ, туйӣ хуршед андар абри ҳарф,
Чун баромад офтобат, маҳв шуд гуфторҳо!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.